Ба сармураббии дастаи миллии Тоҷикистон Петр Сегрт унвони Мураббии дараҷаи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол дода шуд
ДУШАНБЕ, 07.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ба сармураббии дастаи миллии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ унвони Мураббии дараҷаи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тақдими унвон зимни вохӯрии Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода бо ҳайати роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва сармураббии дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футбол Петр Сегрт доир гардид.
Зимни суҳбат раиси кумита аз фаъолияти густурдаи Федератсияи футболи Тоҷикистон ва сармураббии дастаи миллии мамлакат Петр Сегрт изҳори сипос намуд. Ҳамзамон ёдовар шуд, ки зери ҳидояту дастгириҳои ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои доимии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ футболи тоҷик ба таври бесобиқа рушд намуда, бештари сокинони мамлакат ба ин намуди варзиш ҷалб гардиданд.
Сипас ҳарду ҷониб аз муваффақияти чанде қабли дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футбол изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ҳамзамон сармураббии дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футбол Петр Сегрт низ аз мухлисӣ ва ҳамовозии мардуми тоҷик дар давраи мусобиқоти Ҷоми Осиё-2023 изҳори сипос намуд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон









Алишер Назаров ва Умар Расулов шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллии шаҳри Ҳисорро соҳиб шуданд
ФУТБОЛ. Дастаҳои иштирокчии Ҷоми Осиё-2027 байни наврасони то 17-сола муайян гардиданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм бо Хорватия бозӣ мекунад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард






