Бахшида ба 31-солагии Артиши миллӣ байни муассисаҳои таълимии шаҳри Хоруғ бозиҳои варзишӣ-ҳарбӣ доир шуданд

Февраль 18, 2024 14:38

ХОРУҒ, 18.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бошгоҳи техникию варзишии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ ва Муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии шаҳр бахшида ба 31-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни муассисаҳои таълимии шаҳраки Шоҳтемуриён мусобиқаи ҳарбию варзишӣ гузаронид. Ин мусобиқа дар  толори варзишии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами ҳашти шаҳри Хоруғ доир гардида, дар он ҳафт даста иштирок намуд.

Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан хабар медиҳад, муовини сардори Бошгоҳи варзишию техникии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  Алимамад Мирзоқандов дар ифтитоҳи мусобиқа варзишгарони наврас ва омӯзгорони фанни дифои ҳарбиро ба муносибати солгарди таъсиси  Артиши миллӣ  табрик намуда, изҳор дошт, ки мақсади баргузории  мусобиқа тарғиб намудани варзиши ҳарбӣ байни хонандагон, такмил додани маҳорату малакаи варзишӣ, дарёфти беҳтарин варзишгарони наврас ва ба мусобиқаи ҷумҳуриявӣ омода намудани онҳо мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  тарбияи ватандӯстии наврасону ҷавонон ишора намуда, таъкид доштанд, ки «бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати тарбияи наврасону ҷавонон бояд ба масъалаи таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварии онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад».

Бозиҳои варзишию ҳарбӣ бо истифодаи дуруст ва зуд ба сар кашидани ниқоби газӣ оғоз ёфтанд. Яке аз дигар бозиҳои ҳарбӣ- варзишӣ- ин тирпаронӣ аз силоҳи пневматикӣ мебошад, ки дар он дар баробари писарон ҳамчунин духтарони муассисаҳои таълимии  шаҳраки Шоҳтемуриён фаъолона иштирок намуданд. Бо саъю талоши кормандони Бошгоҳи варзишию техникии вилоят дар чанд соли охир ин намуди варзиш байни наврасон алоқамандони зиёд пайдо намуда, иддае аз наврасон аз силоҳи пневматикӣ хеле моҳирона истифода мебаранд. Натиҷаи сабқат нишон дод, ки наврасон ба ин намуди варзиш бо кумаки омӯзгорони фанни дифои ҳарбӣ ҳамаҷониба омодагӣ дида,  аксарият  тирҳоро ба ҳадаф мерасонданд.

Дар намуди ҷудо ва бо ҳам васл намудани силоҳи худкори Калашников низ наврасон маҳорату малакаи хуб нишон доданд.  Аксарияти иштирокдорони мусобиқа муваффақ ба он  шуданд, ки бе иштибоҳ ва бо суръати баланд силоҳро ҷудо ва боз бо ҳам васл намоянд.

Баъди таҳлилу баррасӣ ҳайати ҳакамон ғолибонро муайян намуда, бо ифтихорномаи Бошгоҳи варзишию техникии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи вилоят сарфароз гардониданд.

Мусобиқа  22 феврал дар толори варзишии Муассисаи таълимии рақами панҷуми шаҳр баргузор мешавад ва ғолибон бо ифтихорномаву мукофоти пулӣ сарфароз мегарданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 18, 2024 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ Рӯзи дарҳои кушод баргузор шуд
«ТАҲКИМБАХШИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН». Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии таъсиси ҲХДТ озмун доир мегардад
Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон намоиши «Рустам ва Деви сафед»-ро пешкаши тамошобинон мегардонад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
Дар Панҷакент Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад