Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо афсарзанон ҳамоиш доир гардид

Февраль 20, 2024 10:39

 ДУШАНБЕ, 20.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки занони низомӣ  ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода изҳор намуд, ки «ҳамоиш бо мақсади тақвият бахшидан ба мақому манзалати занону духтарон, таъмини иштироки фаъоли онҳо  дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии ҷомеа, дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани наврасону ҷавонон, қадрдонӣ намудани занони низомӣ барои хизмати содиқона ба халқу Ватан ва ба ин восита зиёд намудани теъдоди занон дар мақомоти низомӣ доир шуд».

Дар ҳамоиш Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, раиси кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода ва раиси коллегияи оилавии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рухшона Ҳаким сухан гуфтанд.

Иброз гардид, ки дар замони соҳибистиқлолӣ саҳми беназири Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар устувор намудани пояҳои Артиши миллӣ ва таъмини он бо шароити мувофиқ барои иҷрои уҳдадории конститутсионӣ ва шаҳрвандӣ назаррас мебошад.

Гуфта шуд, ки соли 1993 барои низомиёни ҷумҳурӣ соли таърихӣ маҳсуб мешавад, зеро бо ташаббусу ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон таъсис дода шуданд. Аз ин рӯ, ҳиссаи Артиши миллӣ дар ҳифзи марзу бум, таъмини амнияти мардум, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, яъне истиқлолияти давлати тоҷикон ниҳоят бузург аст.

Дар фарҷоми ҳамоиш як зумра афсарзанон барои хизмати содиқона ба Ватан бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 20, 2024 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд