БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОН. Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вохӯрӣ доир гардид

Февраль 8, 2024 09:33

ДУШАНБЕ, 08.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии наврасону ҷавонон, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, пешгирии амалу кирдори номатлуб дар байни наврасон, ҳамзамон таъмини талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон» ва риояи меъёрҳои ин санадҳо дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №90-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат.

Иштирокчиёни ҳамоиш вобаста ба иҷрои нишондиҳандаҳо ва нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» сухан гуфтанд.

Зимни ҳамоиш хонандагон ба машғул шудан ба донишомӯзиву хониши намунавӣ, забондонӣ, мутолиаи асарҳои бадеӣ, эҳтироми волидону устодон, садоқату муҳаббат ба халқу Ватан, дурӣ ҷустан аз рафиқону ашхоси ҷиноятпеша ва амалҳои ғайриқонунӣ роҳнамоӣ шуда, масъулини муассисаҳои таълимӣ даъват шуданд, ки дар тарбияи насли наврас саҳлангорӣ накарда, онҳоро дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намоянд.

Иштирокчиён атрофи масоили пешгирии ҳолатҳои шомил гардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, муноқишаҳои байнимактабӣ ва авбошивии ноболиғон ибрози андеша намуданд.
Масъулин ҳамзамон аз содиршавии ҳуқуқвайронкуниву қонуншиканӣ ва дигар амалҳои ношоиставу оқибатҳои ногувори он мисолҳо оварда,  дастоварду натиҷаҳо, рушду тарақиёт ва ободу зебо гаштани Ватани азизамонро ёдоварӣ намуданд.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 8, 2024 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд