Барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Хоруғ» мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол оғоз ёфт

Февраль 21, 2024 14:18

ДУШАНБЕ, 21.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 31-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Хоруғ байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Хоруғ» Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол оғоз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар медиҳад.

Ҳадаф аз баргузории мусобиқа ташвиқу тарғиб ва таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим байни сокинони шаҳр, аз ҷумла ҷавонону наврасон, сазовору хотирмон таҷлил намудани ҷашни 31 — солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар мусобиқа 7 даста байни ҳам қувва озмуда, ғолибон дар арафаи Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ мегарданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ

Февраль 21, 2024 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар Мусобиқаи «CAFA Nations Сup 2025» иштирок мекунад
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ оид ба волейбол байни духтарони то 16-сола баргузор мегардад
Конфедератсияи футболи Осиё тақвими бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 оид ба футзалро тасдиқ намуд
ФУТБОЛ. Пагоҳ дар Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои занона дар гурӯҳи «H» оғоз мешавад
Рақибони дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 маълум шуданд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии дӯстона боз бар тими Амороти Муттаҳидаи Араб ғалаба кард
ФУТБОЛ. Фонди ҷоизавии мусобиқаи «Ҷоми Ҷавонӣ-2025» 60 ҳазор сомониро ташкил медиҳад