Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ ҳамкориро оид ба рақамикунонии иқтисодиёти Тоҷикистон тақвият медиҳанд

Февраль 26, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 26.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар вохӯрии  раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ҳайати Бонки  ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз сатҳи ҳамкории дуҷонибаи судманд бо Бонки ҷаҳонӣ дар татбиқи лоиҳаҳое, ки ба таҳкими бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нигаронида шудаанд, изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт, ки яке аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ бо ин бонк рушди фарогирии молиявӣ, бахусус дар бахшҳои рақамикунонӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мебошад.

Гуфта шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар доираи лоиҳаҳои марбут ба бахшҳои идоракунии молиявӣ, аз ҷумла «Барномаи таҳкими бахши молиявӣ», ки бо кумаки молиявии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкории иқтисодӣ (SECO) ва «Рушди бахшҳои молиявӣ ва хусусӣ» амалӣ мешаванд, ҳамкории наздик менамояд.

Таъкид шуд, ки бо кумаки техникии Бонки ҷаҳонӣ аз соли 2019 Бонки миллии Тоҷикистон оид ба интизориҳои таваррум дар байни аҳолӣ пурсиш гузаронидааст, ки натиҷаи он барои қабули қарорҳо дар сиёсати пулию қарзӣ аҳамияти калон дорад. Роҳбари намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимлӣ ва роҳбари намояндаи доимии Корпоратсияи байналмилалии молиявии Бонки ҷаҳонӣ (IFC) Фаррух Султонов  оид ба сатҳи ҳамкории дуҷониба сухан гуфта, омодагиашонро ба тавсеаи ҳамкорӣ дар самти устувории низоми бонкии Тоҷикистон баён доштанд.

Ҷонибҳо доир ба татбиқи ҳамкорӣ дар самти ташаккули иқтисоди «сабз», раванди рақамикунонии иқтисодиёти Тоҷикистон, дастгирии соҳибкории хусусӣ, ҷалби маблағгузорӣ ба бахши хусусӣ, рушди бозори коғазҳои қиматнок ва барориши вомбаргҳои сабз, кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ, пешбурди ислоҳоти молиявӣ, таъсиси Академияи бонкӣ ва дигар масъалаҳо ибрози назар намуданд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

 

Февраль 26, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси глобалии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Италия иштирок намуданд
Рушди фарҳанги экологӣ дар ҷаласаи Шурои экологии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ карда шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1800 то 9.2509 сомонӣ муқаррар шудааст
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1096 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» доир мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Тоҷикистон захиранамоии хӯроки чорво идома дорад
Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 614 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ намуданд
Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии ангур идома дорад
Дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд
Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид