Дар ҷануби Филиппин теъдоди бар асари ярч ҳалокшудагон ба 54 нафар расид
ДУШАНБЕ, 12.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи ҳалокшудагон бар асари ярч дар ҷануби Филиппин ба 54 нафар расид, дар ҳоле ки наҷотдиҳандагон ҷустуҷӯи 63 нафари бедаракшударо идома медиҳанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус мақомоти маҳаллӣ хабар додаанд.
Шоми 6 феврал дар шаҳри Макои вилояти Давао-де-Оро, ки дар минтақаи кӯҳӣ ҷойгир мебошад, ярч фаромадааст, ки дар натиҷа якчанд хона, воситаҳои нақлиёт ва даҳҳо сокинон зери харобаҳо мондаанд.
Мувофиқи маълумоти идораи шаҳр оид ба пешгирии офатҳои табиӣ, дар ин фоҷиа 32 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Тавре мақомоти маҳаллӣ муайян намуданд, ярч 1347 оила ё 5431 нафарро дар чор деҳаи Мако фаро гирифтааст.
Тибқи Рӯйхати ҷаҳонии хатари офатҳои табиӣ дар соли 2022, Филиппин дар номгӯи давлатҳои аз ҳама бештар аз офатҳои табиӣ зарардидаи дунё дар ҷои аввал қарор гирифтааст.
Бояд гуфт, ки Филиппин давлат – ҷазира мебошад, ки дар ҳалқаи оташи вулқонии Уқёнуси Ором ҷойгир буда, аксар вақт аз тӯфонҳои пуриқтидор, ки дар натиҷаи обхезиҳо, ярчҳои ногаҳонӣ ва заминларзаву таркишҳои вулқонӣ ба вуҷуд меоянд, азият мекашад.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






