Дар Аврупо сатҳи таваллуд коҳиш меёбад
ДУШАНБЕ, 16.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Аврупо сатҳи таваллуд коҳиш меёбад. Демографҳо ва иқтисоддонҳо бар он назар ҳастанд, ки талошҳои Аврупо барои боло бурдани мизони таваллуд, ки коҳиш меёбад, ба ҳадаф созгор нест. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус Reuters хабар додааст.
Профессори ҷомеашиноси оила, демография ва нобаробарӣ дар Донишгоҳи Мадрид Марта Сейс изҳор намуд, ки чунин омилҳо, ба монанди болоравии арзиши манзил ва набудани кафолат барои дарёфти кор ба сатҳи таваллуд дар Испания, ки 1,19 буда, яке аз пасттарин дар Аврупо мебошад, таъсир мерасонад.
Инчунин далели дигаргунии амиқи фарҳангии муносибат ба волидайнӣ вуҷуд дорад. Масалан, дар Норвегия, ки кишвари сарватманд аст, бо дастгирии ҳамаҷонибаи оила ва амнияти ҷои кор то соли 2022 сатҳи таваллуд аз 2 дар соли 2009 то ба 1,41 коҳиш ёфт, ки сатҳи пасттарин дар таърихи мушоҳидаҳо ба ҳисоб меравад.
АКС аз манбаъҳои боз








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






