Дар Бадахшон конференсияи Шурои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баргузор шуд

Февраль 9, 2024 16:10

ДУШАНБЕ, 09.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти  раёсати раиси вилоят, ҳамзамон раиси Шурои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилоят конференсия баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.

Дар  конференсия нахуст оид ба иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»  сухан гуфта шуд.

Раиси вилоят иброз намуд, ки дар Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меҳнати аҳлонаи мардуми шарифи Тоҷикистон дар соли 2023 ва дар чанд марҳилаи рушди мамлакат мавриди таҳлилу баррасӣ  қарор гирифта,  зимнан барои равнақи бештари кор дар ояндаи наздику дур дастуру ҳидоятҳои хирадмандона баён гардиданд. Ҳамзамон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардид, ки баҳри боз ҳам баланд бардоштани сатҳи иқтисод ва некӯаҳволии сокинони мамлакат тадбирҳои судманд андешад.

Дар қисмати дастовардҳои муҳими соҳаи иқтисоди мамлакат метавон вобаста ба комёбиҳои бузурги хоҷагии халқи мамлакат аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ иқтибос овард. Аз ҷумла, маҷмуи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ нисбат ба соли 2022  8,3 фоиз зиёд гардида, ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардид. Ин дар ҳоле аст, ки ҳамасола қисми хароҷоти буҷет рӯ ба афзоиш дорад.

Раиси вилоят аз дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  нисбат ба вилоят  ёдовар шуда, таъкид кард, ки  танҳо соли 2023 дар маҷмуъ  дар ҳудуди вилоят 423 иншоот ба истифода дода шуд. Барои соҳаи сохтмон аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 1 миллиарду 253  миллион сомонӣ ҷудо ва харҷ гардид, ки ин дар самти бунёдкорӣ бесобиқа мебошад. Дар вилоят 76 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.


Соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 24 коргоҳу корхонаи саноатӣ мавриди истифода қарор гирифта, 220 нафар бо ҷойи доимии кор таъмин шуд. Соли 2024 сохтмони зиёда аз 40 корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар заминаи нақшаи чорабиниҳои таҷлили сазовор аз 35-солагии Истиқлоли давлатӣ соли 2023 дар вилоят 423 иншоот сохта шуда, соли 2024 бунёди боз 250 объекти дигар дар назар аст, ки зиёда аз 40 -тои он корхонаи саноатӣ мебошад. Сохтмони парки инноватсионӣ-технологӣ дар шаҳри Хоруғ, корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикан дар ноҳияи Ванҷ, хоҷагиҳои моҳидории ноҳияҳои Дарвозу Рӯшон аз ин ҷумла аст.

Дар соҳаи маориф соли 2023 дар вилоят  11 муассисаи нав бино гардид. Имсол сохтмони 13 муассисаи таълимӣ идома ёфта, бунёди 11 иншоот ба итмом мерасад. Маблағи умумии ин сохтмон  82 млн сомониро ташкил медиҳад. Дар соҳаи варзиш ва сайёҳӣ бозсозии варзишгоҳи марказӣ дар шаҳри Хоруғ ва сохтмони варзишгоҳҳои марказӣ дар ноҳияҳои Ишкошиму Рӯшон идома ёфта, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат бунёди толору майдончаҳои варзишӣ ва дигар инфрасохтори дигари сайёҳӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо идома меёбад.

Ҳамчунин соли 2023 бо меҳнати самараноки кишоварзони вилоят 25 ҳазору 077 тонна картошка, 23 573 тонна мева, 7 ҳазору 734 тонна ғалладонагӣ ва 12 ҳазору 243 тонна сабзавот ҷамъоварӣ шуд.

Таъкид гардид, ки ҳамаи ин муваффақият маҳз дар заминаи таъмини волоияти қонун ба даст омад.

Сатҳи ҷиноятҳои вазнин паст фаромада,  қонуншиканӣ дар байни наврасон ва ҷавонон рӯ ба коҳиш ниҳод,  наврасону ҷавонони вилоят  ба омӯзиши илму эҷодкорӣ бештар машғул шуда, сатҳи азхудкунии донишҳои фаннӣ ва қабули довталабон ба муассисаҳои олии дохилию хориҷӣ баланд рафта, иштирок дар олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои зеҳнию эҷодии  ватанию байналмилалӣ боз ҳам хубтар гардид.

Давоми 32 соли Истиқлолият таҳти сиёсати бунёдкорона ва инсондӯстонаю ватанпарваронаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар қатори дигар минтақаҳои мамлакат барои рушду равнақи тамоми соҳаҳои Бадахшон аз имконоти мавҷуда зиёдтар маблағгузорӣ гардид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Февраль 9, 2024 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон баҳри густариши раванди рақамикунонӣ Созишнома ба имзо расонид
Дар Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ барои ҷоми Раиси вилоят мусобиқаи футболи хурд оғоз шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«Фалсафаи ваҳдат ва истиқрори сулҳи тоҷикон». Таҳти ин унвон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамоиш доир гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Бо сокинону фаъолони шаҳри Бохтар вохӯрӣ доир гардид
Дар шаҳри Турсунзода ҳамоиши «Корвони зиддимухаддиротӣ – 2024» доир шуд
«Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» насиби дастаи футболбозони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон таҷрибаомӯзии истеҳсолиро дар Неругоҳи барқи обии «Қайроқум» мегузаронанд
Дар Хоруғ таҳти унвони «Модару бонувони ваҳдатсаро» ҳамоиш доир гардид
15-17 июн дар минтақаҳои алоҳидаи Тоҷикистон хавфи омадани сел боқӣ мемонад
ҲИФЗ ВА МУАРРИФИИ МЕРОСИ НИЁГОН. Ин мавзуъ дар меҳвари мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо аҳли илм ва маорифи мамлакат қарор дошт