Дар Давҳа роҳҳои татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаи фаъолияти хайриявӣ баррасӣ шуданд

Февраль 29, 2024 16:21

ДУШАНБЕ, 29.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Роҳҳои татбиқи амалии Созишномаи ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар дар соҳаи фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона, ки 22 январи соли 2024 дар шаҳри Давҳа ба имзо расида буд, имрӯз зимни мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода бо Мудири кулли мақомоти танзимкунандаи фаъолияти хайриявии Давлати Қатар Иброҳим ал-Дуҳаймӣ дар Давҳа баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар иттилоъ медиҳад.

Дар ин замина ҷонибҳо атрофи самтҳои асосии ҳамкории муассисаҳо ва ташкилоти хайриявии ду давлат табодули назар намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар

Февраль 29, 2024 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо раиси Гурӯҳи хадамоти ҳавопаймоии «Скай» мулоқот намуд
Дар Душанбе аҳаммияти ҳамкории байналмилалӣ барои таъмини рушди устувор баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли Дафтари СММ дар Вена мулоқот намуд
Дар Риёз ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Комиссияи синамои Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд
Дар Вена баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Австрия баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои дохилии Миср мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири адлияи Эрон мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Ҷопон Эри Арфия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар вохӯрии муовини Котиби давлатии ИМА бо сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси Палатаи савдо ва саноати Салтанати Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи илму фарҳанг баррасӣ шуд