Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон факултети нави гуманитарӣ-омӯзгорӣ таъсис ёфт

Февраль 9, 2024 15:51

ДУШАНБЕ, 09.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли таҳсили 2023-2024 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон факултети нав: гуманитарӣ– омӯзгорӣ таъсис дода шуд. Дар ин хусус ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода 9 феврал дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки факултети нав фарогири тамоми самту равияҳои чуғрофӣ – сайёҳӣ буда, дар он аз рӯи ихтисосҳои забонҳои русӣ, англисӣ, чинӣ ва арабӣ омӯзгор омода мешавад.

Убайдулло Асрорзода афзуд, ки факултети нав дар доираи татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», ки солҳои 2020 -2040 эълон гардидааст ва татбиқи «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030» таъсис дода шудааст.

Омода намудани мутахассисони забондони сатҳи байналмилалӣ, ки бозори меҳнат ба он ниёзи бештар дорад ва ба ин васила рушди соҳаи сайёҳӣ, хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ, саҳм гузоштан дар раванди татбиқи яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- саноатикунонии мамлакат аз рисолати асосии факултети нави гуманитарӣ-педагогӣ мебошад.

Ҳоло дар факултети гуманитарӣ- омӯзгорӣ 600 донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки дар оянда ихтисосҳои зертобеи факултетро зиёд намояд.

Бояд тазаккур дод, ки Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дорои 7 факултет ва беш аз 20 кафедра бо фарогирии 80 ихтисосу равия буда, дар он 8000 донишҷӯ таҳсил доранд. Ба онҳо беш аз 250 профессору омӯзгор дарс медиҳанд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 9, 2024 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад