Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ҳамоиш доир шуд

Февраль 18, 2024 12:00

КӮЛОБ 18.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳти унвони «Заминаҳои меъёриву ҳуқуқии муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар шароити Истиқлолияти давлатӣ» дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2023 ва эълон гардидани соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб хабар доданд.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки  имрӯзҳо масъалаи бетаваҷҷуҳии насли наврасу ҷавон ва қишрҳои гуногуни ҷомеа ба касбомӯзиву маърифатдӯстӣ,  шомилшавии бархе аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун ва гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ  тамоми аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст.

Дар шароити соҳибистиқлолӣ  заминаҳои меъёриву ҳуқуқии мубориза бо экстремизм ва терроризм аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳайё гардидааст. Ҳамзамон аз ҷониби Президенти Тоҷикистон  эълон гардидани соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ заминаи  вусъат бахшидани шуурии ҳуқуқӣ ва ҷаҳонбинии ҳуқуқии наврасону ҷавонон ва оммаи мардум мебошад.

Дар ҷамъомад аз ҷониби омӯзгорони донишгоҳ дар мавзуъҳои  «Омилҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ дар шароити нави рушди ҷомеа», «Заминаҳои меъёриву ҳуқуқии муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар шароити истиқлолияти давлатӣ» ва «Хатари кибертерроризм ба идеологияи миллии наврасону ҷавонон» маърӯзаҳо пешниҳод гардид.

  АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Февраль 18, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид