Дар Донишгоҳи молиявии Русия зиёда аз 200 донишҷӯи тоҷик таҳсил менамояд

Февраль 20, 2024 11:12

ДУШАНБЕ, 20.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Москва мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо проректори Донишгоҳи молиявии назди Ҳукумати Федератсияи Русия Дмитрий Семёнов баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба таҷрибаи мусбати ҳамкории бисёрсола дар самти тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои молия, технологияҳои иттилоотӣ, ҳуқуқшиносони соҳаи молия ва дигар мутахассисони баландпоя табодули афкор намуданд.

Ҳамчунин дар мулоқот дурнамои ҳамкорӣ барои фароҳам овардани шароити муносиб ҷиҳати фаъолияти илмию таълимии донишҷӯёни тоҷик баррасӣ шуд.

Бояд гуфт, ки теъдоди донишҷӯёни тоҷик байни дигар донишҷӯёни хориҷӣ, ки дар ин донишгоҳ таҳсил менамоянд,  аксариятро ташкил дода, дар айни замон ба 220 нафар мерасад.

Дар вохӯрӣ бо донишҷӯён Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар мавзуи дастовардҳои Тоҷикистон давоми 32 соли истиқлолият, таблиғи худшиносӣ, ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон суҳбат намуд.  Дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароҳамсозии шароити мусоид барои таҳсил ва рушди минбаъдаи ҷавонон махсусан таъкид гардид.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия

Февраль 20, 2024 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Cафири нави Муғулистон дар Тоҷикистон нусхаи эътимоднома супорид
Дар Ашқобод доир ба аҳамияти қабули қатъномаи СММ оид ба Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ нишасти матбуотӣ баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Дакка машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Бангладеш баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо Дабири кулли Созмони байналмилалии забони русӣ мулоқот намуд
Ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон барои таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда аҳамияти ҳуқуқӣ ва сиёсии хос дорад
Густариши ҳамкории Тоҷикистону Бангладеш дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуд
Натиҷаҳои Конфронси чоруми оби Душанбе дар ҷаласаи ЭСКАТО муаррифӣ гардиданд
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Швейтсария Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил карда шуд
Тоҷикистон ва Қатар бахшида ба Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ дар Женева чорабинӣ баргузор намуданд
Дар Вашингтон бо иштироки соҳибкорони Тоҷикистон ва ИМА мизи мудаввар баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон ба Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт нусхаи эътимоднома супорид