Дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон 321 донишҷӯ аз 10 давлати ҷаҳон таҳсил доранд
ДУШАНБЕ, 01.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон 321 донишҷӯи хориҷӣ аз 10 давлати ҷаҳон таҳсил менамоянд. Дар ин хусус ректори донишгоҳ Машраб Файзулло имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
«Дар шуъбаи рӯзона 161 донишҷӯи хориҷӣ ва дар ғоибона 160 донишҷӯи хориҷӣ таҳсил доранд. Дар соли таҳсили 2023-2024 қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба тамоми шаклҳои таҳсил ва тамоми зинаҳои таҳсил 127 нафарро аз 7 давлати ҷаҳон ташкил дод, ки инҳо 80 бакалавр, 32 нафар устод ва 15 донишҷӯ мебошанд»,- изҳор дошт ӯ.
Гуфта шуд, ки қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба тамоми шаклҳои таҳсил ва тамоми зинаҳои таҳсил дар соли таҳсили 2022-2023 аз 7 давлати ҷаҳон 86 нафарро ташкил дод, ки ба ин шумора 48 нафар бакалаврҳо, 23 нафар магистратрантон, 2 нафар аспирантон ва 13 нафар шунавандагон дохил мешаванд.
Солҳои 2022 ва 2023 ба Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон бештар шаҳрвандони Русия ва Узбекистон қабул шудаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Намояндаи Тоҷикистон ғолиби овоздиҳии байналмилалии Ҷоизаи «Евразия-2026» гардид
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»






