Дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ифтитоҳи факултаи журналистика ба нақша гирифта шудааст

Февраль 5, 2024 17:08

ДУШАНБЕ, 05.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ифтитоҳи факултаи журналистика ба нақша гирифта шудааст. Дар ин хусус ректори донишгоҳ Машраб Файзулло 1 феврал дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

«Ифтитоҳи факулта барои рушди журналистикаи Тоҷикистон ва таъмини расонаҳои чопӣ ва электронӣ бо мутахассисони баландихтисос аҳамияти муҳим дорад. Илова бар ин, Шурои ҷамъиятӣ таъсис меёбад, ки аъзои он камбудиҳои рушди журналистика, масъалаҳои ҷалби ҷавонон ба кор дар воситаҳои ахбори оммаро баррасӣ менамоянд», — иброз намуд Машраб Файзулло.

Ба гуфтаи омӯзгорони донишгоҳ, солҳои охир ҷавонон асосан дар бахшҳои рӯзноманигорӣ, таърих ва фарҳангшиносӣ ба таври ғоибона таҳсил менамоянд ва баъди гирифтани диплом аксари онҳо, маъмулан мувофиқи ихтисос фаъолият намекунанд.

Имрӯз дар Донишгоҳи (славянии) Русия ва Тоҷикистон факултаи филологияи русӣ, журналистика ва технологияи медиавӣ фаъолият менамояд, ки ду самти он ба журналистика алоқаманд аст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 5, 2024 17:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид