Дар Душанбе ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 28.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. 28 феврал дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тибқи рӯзнома, дар ҷаласаи Шуро 15 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аъзои Шуро нахуст қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ»-ро баррасӣ намуданд.
Дар идомаи ҷаласа пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани С. Ҳакимзода ва М. Наимзода, аз вазифаи муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Ф. Комилӣ, ба вазифаи муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани З.Абдуллозода, ба вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани С.Аминзода, инчунин оид ба додани ризоият барои аз вазифаи муовинони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Д. Талбакзода ва М. Рофизода, аз вазифаи муовини Прокурори генералӣ — Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани И.Зоирзода, ба вазифаи муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани У.Каримзода, ба вазифаи муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани С.Азимзода ва ба вазифаи муовини Прокурори генералӣ — Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Ҳ. Воҳидзода мавриди муҳокимаи аъзои Шурои Маҷлиси миллӣ қарор гирифта, дар ин хусус қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Инчунин дар ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллӣ лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 муҳокима ва бо тартиби муқарраргардида барои баррасӣ ба иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардид.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон









Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид






