Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе мутахассисон тибқи талаботи Стандартҳои федералии давлатии таҳсилоти олии насли сеюм омода мегарданд

Февраль 18, 2024 08:47

ДУШАНБЕ, 18.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 90 донишҷӯ соли 2023 Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносовро дар шаҳри Душанбе хатм намуда, дар вазорату идораҳои мамлакат дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ба фаъолият шуруъ намуданд.

Директори иҷроияи Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе Рустам Ғаниев 16 феврал зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд, ки соли 2023 равияҳои математикаи амалӣ ва информатикаро 20 донишҷӯ, химия, физика ва механикаи маводро 7 донишҷӯ, геологияро 8 нафар, идоракунии давлатӣ ва мунисипалиро 16 нафар, муносибатҳои байналхалқиро 24 нафар ва лингвистикаро 18 донишҷӯ хатм намуданд.

Мавсуф афзуд, ки ҳамаи барномаҳои таълимӣ аз аккредитатсияи давлатӣ гузашта, ташхиси мазмун ва сифати омодагии таҳсилгирандагон тибқи шаш барномаи таълимӣ (дараҷаи бакалавриат) анҷом дода шудааст.

Рустам Ғаниев зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе изҳор намуд, ки фаъолияти таълимии филиал соли 2023 дар асоси талаботи Стандартҳои федералии давлатии таҳсилоти олии Федератсияи Русия, сиёсати таҳсилотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Русия, ки ба такмили низоми таҳсил, нақшаи стратегии рушди филиал марбут мебошанд, амалӣ гардид. Гуфта шуд, ки омода намудани мутахассисон дар ин филиал мувофиқи талаботи Стандартҳои федералии давлатии таҳсилоти олии насли сеюм (СФДТО 3++) амалӣ мегардад.

Гуфта шуд, ки сифати омода намудани кадрҳо дар филиал аз натиҷаҳои интихоби довталабон ба муассисаи таълимӣ вобастагӣ дорад. Бо мақсади ҷалби васеи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна барои дохилшавӣ ба филиал соли 2023 оид ба роҳнамоии касбӣ кори бонизом ташкил гардид.

Дар филиал Литсей, инчунин курсҳои тайёрӣ ба муҳлати 7 моҳ амал менамоянд, ки дар онҳо омодагии мақсадноки довталабон бурда мешавад. Аз ҷониби омӯзгорони кафедраҳои «Математика ва илмҳои табиӣ», «Илмҳои ҷамъиятӣ ва гуманитарӣ» ва «Лингвистика» барои довталабон дастурҳои методӣ таҳия ва нашр шудаанд. Фаъолияти роҳнамоии касбӣ тавассути тақсимоти варақаҳои таблиғотӣ, буклетҳо, насби баннерҳо, нишон додани рӯнамоҳо аз рӯйи равияҳои филиал ва ҳамкории самаранок бо воситаҳои ахбори омма амалӣ гардид.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 18, 2024 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

13 июл даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе барои хонандагон 210 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд
150 нафар фарзандони омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таътили тобистонаро дар истироҳатгоҳи «Истиқлол» мегузаронанд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Архимед» сазовори 63 медал гардиданд
Маркази миллии тестӣ даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд
Байни Вазорати маориф ва илм ва Идораи маорифи шаҳри Сежонги Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хонандаи шаҳри Душанбе дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот сазовори ҷойи якум гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 18 ҳазор нафар забони олмониро меомӯзанд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
11 сол қабл дар Тоҷикистон дохилшавӣ ба муассисаҳои олии касбӣ тавассути низоми тестӣ амалӣ гардид
Имрӯз даври якуми Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ оғоз гардид
Фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ гардид