Дар Филиппин теъдоди бар асари ярч ҳалокшудагон ба 68 нафар расид

Февраль 13, 2024 13:04

ДУШАНБЕ, 13.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи бар асари фаромадани ярч ҳалокшудагон дар вилояти Даваои тиллоӣ дар ҷануби Филиппин ба 68 нафар расид, 51 нафари  дигар гумшуда ҳисобида мешаванд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус шабакаи телевизионии ABS-CBN News хабар додааст.

Мақомоти маҳаллӣ изҳор менамоянд, ки ҷустуҷӯи шахсони ҳалокгардида идома меёбад. Аммо наҷотдиҳандагон дигар боварӣ надоранд, ки тақрибан пас аз як ҳафтаи фаромадани ярч дигар касе зинда пайдо шавад.  Охирин нафаре, ки 9 феврал аз зери харобаҳо берун оварда шуд, духтари сесола буд. Кӯдак тақрибан 60 соат дар зери харобаҳо қарор доштааст.

Ба амалиёти ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди 9 гектар садҳо нафар ва техникаи вазнин ҷалб гардидаанд. Баландии сел метавонад аз 30 то 50 метрро ташкил диҳад. Ёдовар мешавем, ки ярчфароӣ 6 феврал рух дода, зиёда аз 50 хона ва автобусҳоро, ки кормандони ширкати истихроҷи тиллои маҳаллиро интиқол медоданд, пахш намуд.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 13, 2024 13:04

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад