Дар Хатлон дар самти ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот конференсияи минтақавӣ баргузор гардид

Февраль 28, 2024 11:25

ДУШАНБЕ, 28.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Раёсати Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ дар вилояти Хатлон дар мавзуи «Масъалаҳои мубрами соҳаи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот»  конференсияи минтақавӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин раёсат хабар медиҳад.

Конференсияи минтақавӣ бо мақсади баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои марбут ба фаъолияти соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар мамлакат, дарки муҳимият ва нозукиҳои ин самти фаъолият, баланд бардоштани савияи касбии масъулони мақоми низоми махфияти мақомоти давлатӣ ва ташкилот, пайдо намудани роҳҳои бартарафсозии камбудиву мушкилиҳои ҷойдошта дар фаъолияти онҳо ва таъмини амнияти иттилоотӣ дар мамлакат дар доираи «Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» доир  шуд.

Ҳамзамон намоиши воситаҳои техникии Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ барои иштирокчиён дар маърази тамошо гузошта шуда, доир ба вазифаҳои онҳо маълумоти мушаххас манзур гардид.

Дар ҷараёни баргузории конференсияи минтақавӣ доир ба масъалаҳои омода намудани кадрҳои соҳа, такмили савияи касбии кормандони мақомоти давлатӣ ва ташкилот, таъминоти моддию техникии соҳа бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ табодули афкор доир шуд.

Бо назардошти рушди техника ва технологияи муосир, иҷрои талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти ҳукумати электронӣ ва рақамикунонии иқтисоди миллӣ баррасии масъалаҳои ҳифзи иттилоот аз ҷониби иштирокчиён мавриди таҳлил ва корбарии ҳамаҷониба қарор гирифт.

Ҳамзамон масъалаҳои ҳифзи боэътимоди иттилооти дастрасиаш маҳдуд баррасӣ шуда, доир ба роҳҳои ҳалли мушкилоти техникию инфрасохторӣ ва таъминоти кадрӣ пешниҳодҳои мушаххас манзур гардиданд.

АКС: Раёсати Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ дар вилояти Хатлон

Февраль 28, 2024 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд