Дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ вобаста ба таҳияи матни комили «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ҷаласа баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 01.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи кории таҳияи матни комили «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ баргузор шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба институт хабар медиҳад, дар ҷаласа оид ба ҷараёни кори таҳриру тасҳеҳи матни «Шоҳнома» иттилоъ дода шуда, иброз гардид, ки ҳоло даҳ ҷилд аз таҳрир баромада, дар дасти мусаҳҳеҳон барои бозхонӣ ва таҳрири забонӣ қарор дорад.
Ба таҳрири матн матншиносон ва мутахассисони адабиёти классикӣ аз Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, донишгоҳҳои ҷумҳурӣ, Иттифоқи нависандагон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки 5 декабри соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дастур доданд, ки ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодон «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ нашр ва ба тамоми мардуми мамлакат дастрас шавад.
АКС: Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд
Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд






