Дар қитъаи таҷрибавии Институти биологии «Помир» гармхонаи нави парвариши гулу буттаҳои ороишӣ бунёд мегардад
ХОРУҒ, 18.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Олимон ва кормандони техникии Институти биологии «Помир»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади сари вақт гулпӯш намудани кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хоруғ дар яке аз қитъаҳои замини таҷрибавӣ ба бунёди гармхона ё гулхона оғоз намуданд, ки даҳаи дуюми моҳи феврал мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Мавсими гулшинонӣ дар шаҳри Хоруғ одатан аз даҳаи дуюми моҳи апрел оғоз шуда, то даҳаи аввали моҳи май идома меёбад. Ба гуфтаи олимон, то ин вақт кӯчати гулҳо низ омода мегардад.
Муовини директор оид ба корҳои хоҷагӣ Шавкат Исроров ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан гуфт, ки «ҳанӯз солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар қитъаи таҷрибавӣ гармхона бунёд намуда буданд, аммо он замон дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр фақат дарахтони сафедор ва мевадиҳанда мешинониданд ва ба парвариши гулу буттаҳои ороишӣ чандон аҳамият зоҳир намегардид.
Бо иқдоми олимони институти мо ин гармхона комилан аз байн бардошта шуда, ба ҷои он гармхонаи замонавӣ сохта мешавад. Мутобиқи лоиҳа, дарозии гармхонаи нав 60 метрро дар бар гирифта, паҳноии он 11 метр аст. Дар ин гармхона дар баробари парвариши гулҳои рангоранг ҳамчунин бо иштироки донишҷӯёну устодони факултети биологияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ корҳои селексионӣ анҷом ёфта, парвариш ва ба иқлими сарди кӯҳистон мутобиқ намудани гулу буттаҳои ороишӣ, гузаронидани таҷрибаҳои биологиву физиологӣ ва омӯхтани хусусияти навъҳои гулу гиёҳҳо низ ба нақша гирифта шудааст».
Ба сохтмони гармхона 12 бинокор аз Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Меъмор» ҷалб шуда, таҳкурсии гармхонаро пурра ба анҷом расонидаанд. Коргарон ҳоло ба васлу насби қолаб аз симчӯбҳои оҳанин шуруъ намудаанд.
Шавкат Исроров гуфт, ки то имрӯз дар шаҳри Хоруғ 6 гармхонаи хурд, дар ноҳияи Шуғнон 2 ва дар ноҳияи Дарвоз 3 гармхона вуҷуд доранд, ки ба парвариши гулу буттаҳои ороишӣ машғул мебошанд. Аммо азбаски масоҳати ин гармхонаҳо хурд аст, онҳо имкон надоранд, ки кӯчаву хиёбонҳои асосии шаҳри Хоруғ ва маркази ноҳияҳоро сари вақт бо кӯчати гулҳо таъмин намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Сеул байни вазоратҳои саноати Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо ширкати SK Specialty-и Корея оид ба коркард ва истеҳсоли волфрам тақвият медиҳад
Дар Сеул байни вазоратҳои саноати Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Дар Сеул ҷаласаи вазирони саноати Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд
ТОҶИКИСТОН ВА ДУРНАМОИ РУШДИ САНОАТИ КӮҲӢ-МЕТАЛЛУРГӢ: аз захираҳои табиӣ то технологияҳои муосир
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи фаръии истеҳсоли шарбати Саноати хӯроквории минтақаи Раштро мавриди истифода қарор доданд
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт
Истиқлол ва рушди саноат: аз сарвати табиӣ то неруи созанда
Эмомалӣ Раҳмон: «То охири сол дар кишвар таъсиси боз 500 корхонаю коргоҳи саноатӣ пешбинӣ шудааст»
Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкориро дар соҳаи саноат тақвият медиҳанд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
Дар Тоҷикистон нахустин коргоҳи истеҳсоли ранги хокавӣ барои хатҳои уфуқии роҳҳои мошингард ба истифода дода шуд






