Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Ҳафтаи забон ва адабиёти рус барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 13.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Ҳафтаи забон ва адабиёти рус дар ҳошияи Рӯзи ҳадяи китоб барномаи фарҳангӣ баргузор шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд, дар барнома хонандагони Гимназияи хусусии «Сайёраи наврасон» намоиши театрӣ манзур намуданд. Хонандагон аз рӯйи маҷмуаи ҳикояҳои Валентина Осеева «Волшебная слова» саҳнача нишон дода, шеърҳо қироат карданд. Инчунин хонандагони наврас бо ҳунару баромади шавқовар баҳри болидасозии хотири меҳмонон рақси «Морячка»-ро пешкаш намуданд.
Дар ҷамъбасти барнома аз ҷониби роҳбарияти Китобхонаи миллӣ ба хонандагони Гимназияи хусусии «Сайёраи наврасон» туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
Бояд гуфт, ки мақсади баргузории ин барномаҳо он аст, ки насли наврас имрӯз ба омӯхтани забонҳо ва шинохтани шоиру нависандагони дигар мамлакатҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир намояд.
АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон










Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст






