Дар ноҳияи Ҳамадонӣ заминҳои кишт обёрӣ мегарданд

Февраль 14, 2024 13:17

ҲАМАДОНӢ, 14.02.2024 АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон бо мақсади дар мавсими обёрии соли 2024 ба мушкилӣ дучор нагардидан, Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ дар ҳамкорӣ бо ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ба тоза намудани заҳбуру заҳкаш ва иншооти обрасон шуруъ намуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.

Дар Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод аллакай садҳо метр канал ва заҳбуру заҳкашҳо тоза гардида, кор дар ин самт идома дорад.

Директори Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби «Панҷоб-6» гуфт, ки «дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Ҳамадонӣ барои осон гардидани мушкилоти кишоварзон ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ташкил шудаанд. Хоҷагиҳои деҳқонӣ ба онҳо дохил шуда, аз рӯи дархост бо оби полезӣ таъмин мешаванд. Натиҷаи ҳамкории хуби ассотсиатсияҳо бо Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ  буд, ки соли 2023 хоҷагиҳои деҳқонӣ мунтазам бо оби полезӣ таъмин буда, барои тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо замина гузоштанд».

Бояд гуфт, ки заҳбуру заҳкашҳои ноҳия ҳар мавсим аз қум пур мешаванд ва зарурати тоза намудани онҳо пеш меояд. Баъзе каналҳоро дар як мавсим ду маротиба тоза менамоянд. Дар баробари ин иншооти обрасонӣ ва нуқтаҳои тақсимоти об низ аз таъмир бароварда мешаванд.

Бино ба иттилои Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Ҳамадонӣ, дар ҳолати сари вақт тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо ва иншооти обрасон имкон пайдо мегардад, ки беш аз 14 ҳазору 400 гектар замин обёрӣ шуда, кишоварзон дар аксари ин заминҳо кишти такрорӣ гузаронанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 14, 2024 13:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд