Дар Руанда нахустин ҷаласаи тадорукотии Конфронси сеюми СММ оид ба гурӯҳи давлатҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ баргузор гардид

Февраль 8, 2024 16:12

 ДУШАНБЕ, 08.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мушовири Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид (СММ) Ҳотам Қурбонзода дар нахустин ҷаласаи тадорукотии Конфронси 3-юми СММ оид ба Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ (LLDC), ки 18-21 июни соли 2024 дар Кигали, Руанда баргузор мегардад, иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид (СММ) хабар медиҳад.

Ҳотам Қурбонзода оид ба аҳамияти иқдоми Тоҷикистон, инчунин раванди амалисозии ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани 2025 дар вокуниш ба ниёзҳои кишварҳои LLLDC таъкид намуд.

Илова бар ин ва бо ишора ба ҳампайвастагии конфронсҳои байналмилалии имсолаи Тоҷикистон ва Руанда омодагии ҷониби мо барои ҳамкории муштарак дар раванди тадорукотии ин чорабинӣ таъкид гардида,  аз давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид даъват ба амал оварда шуд, ки дар Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» (10-13 июни соли 2024, Душанбе) фаъолона иштирок намоянд.

АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид

Февраль 8, 2024 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

­Аз минбари СММ то «Раванди оби Душанбе»: таъсири ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
БОҶАЙЁМ — МУЖДАРАСОНИ НАВРӮЗ. Дар Бадахшон дар ин давра дар тараддуди ҷашнгирии Иди Наврӯз мешуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид