Дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Левакант коллеҷҳои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъсис шуданд
ДУШАНБЕ, 11.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли таҳсили 2023-2024 дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Левакант коллеҷҳои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз рӯи ихтисосҳои саноат, сайёҳӣ ва хизматрасонӣ таъсис дода шуданд. Дар ин хусус ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Таъкид шуд, ки қабули доваталабон ба коллеҷҳои зертобеи Донишгоҳ дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Левакант шуруъ гардида, аллакай аз рӯи ихтисосҳои саноат, сайёҳӣ ва хизматрасонӣ 100 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Иброз гардид, ки бо назардошти таъсиси ду муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ- коллеҷҳо дар вилояти Суғду Хатлон дар сохтори донишгоҳ дар ин давра ба воҳидҳои кории амалкунанда вобаста ба васеъ гардидани доираи фаъолияти донишгоҳ дар филиалҳо, коллеҷу литсейҳо дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Левакант беш аз 100 воҳиди кории иловагии омӯзгорӣ таъсис дода шуда, омӯзгорону кормандон тариқи озмун ба кор қабул гардиданд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд






