Дар шаҳри Абузабӣ аз ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ёдовар шуданд

Февраль 29, 2024 14:30

ДУШАНБЕ, 29.02.2024 /АМИТ «Ховар»/ . 26 феврал дар шаҳри Абузабӣ нахустин Конфронси муштараки илмию амалии Маркази пажуҳиш ва мушовара (TRENDS) ва Институти байналмилалӣ оид ба дипломатияи фарҳангӣ (IICD) дар мавзуи «Дипломатияи муосир дар даврони ҷаҳонишавӣ: дурнамо ва пайомадҳои нави ҳамкорӣ байни Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва давлатҳои Осиёи Марказӣ» баргузор гардид, ки дар он Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Баҳодур Шарифӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Баҳодур Шарифӣ дар мавзуи «Нақши дипломатия дар ҷаҳони бо ҳам алоқаманд ва рақобатпазир: чолишҳо ва имконият» маъруза  намуда, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ҳолат ва дурнамои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, инчунин ташаббусҳои сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди масъалаҳои марбут ба обу иқлим ва сулҳу амният ҷалб намуд.

Ҳамчунин Сафир дар ҳамоиши роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ иштирок намуда, аҳамияти истифодаи имконоти фаровони сармоягузорӣ ва фазои мусоиди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, хусусан дар бахшҳои гидроэнергетика, энергияи барқароршаванда, кишоварзӣ, саноати маъдани кӯҳӣ, нақлиёт, сайёҳӣ ва илму фарҳангро ҳамчун равиши муносиб баҳри тақвияти бештари ҳамкории мутақобила таъкид намуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 29, 2024 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Ассотсиатсияи табибони «Avicenna» вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Палатаи муштараки тиҷоратии Швейтсария баррасӣ гардид