Дар шаҳри Гулистон озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 28.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо иштироки муассисаву ташкилот озмуни шаҳрии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Гулистон.
Муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода ҳадафи баргузории озмунро эҳёи таомҳои милливу маҳаллии аз байнрафта, ривоҷ додани пухтани таомҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати дастархонороӣ, шиносоӣ ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ арзёбӣ намуд.
Кадбонуҳо намудҳои гуногуни хӯрок, шириниҳои гуногун, нону дигар маҳсулоти нониро ба намоиш гузошта, пешкаши ҳайати ҳакамон гардониданд.
Аз рӯйи баҳодиҳии ҳайати ҳакамон ғолибон муайян гардида, бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барои иштирокдорон барномаи фарҳангӣ пешкаш намуданд.
Бояд гуфт, ки ҳадафи баргузор намудани озмуни «Кадбонуи беҳтарин»- ҷалб намудани занону духтарони ҳунарманд, кадбонуҳои соҳибзавқ ба эҳё ва рушди анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгонамон дар самти омода намудани хӯрокҳои миллӣ, хӯришҳои болаззат, таомҳои маҳаллӣ ва баланд бардоштани завқи кадбонугӣ мебошад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Гулистон








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






