ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Кӯлоб беш аз 290 ҳазор бех дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуданд

Февраль 6, 2024 10:51

КӮЛОБ, 06.02.2024, /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сабзазоркунӣ ва хуррам гардонидани муҳити зист соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб 292 ҳазору 200 бех ниҳолҳои сояафкану  ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб иттилоъ доданд.

Гуфта шуд, ки соли гузашта аз тарафи шуъбаву бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб 277 маротиба ташаббуси «Тозагии маҳал» гузаронида шуд, ки дар он беш аз 10 ҳазор сокини маҳаллӣ иштирок ва ба миқдори 484 м3 партовҳоро тоза намуданд.

Изҳор гардид, ки соли гузашта бинобар беэътиноӣ ва дуруст нигоҳубин накардани дарахтони ҳамешасабз дар минтақаи Кӯлоб беш аз 30 ҳазор бех дарахтони сояафкану ороишӣ хушк шуданд. 52 нафар  роҳбар ва сокинон барои дуруст  риоя накардани қоидаҳои нигоҳубини дарахтон ба маблағи 10 ҳазору 540 сомонӣ ҷарима баста шуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 6, 2024 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд