ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи Душанбе – Бохтар 150 бех ниҳоли ороишӣ шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 13.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар намудани вазъи экологӣ ва ҳифзи табиат бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар шоҳроҳи Душанбе-Бохтар ниҳолони ҳамешасабз шинонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховвар» дар шуъбаи таблиғот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон хабар доданд.
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар доираи аксияи ҳизбӣ баргузор гардида, дар он раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода, намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон, кормандони Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҳизб, инчунин волонтёрон низ иштирок карда, ҳама якҷоя ниҳол шинониданд.
Имрӯзҳо бо ташаббус ва роҳнамоии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят маъракаҳои ниҳолшинонӣ идома доранд.
Бояд гуфт, ки шинонидани дарахт ба муҳити зист таъсири мусбат расонида, илова бар ин, кӯчаву хиёбонҳоро ҳусн мебахшанд. Ин навбат бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон 150 бех ниҳолони сояафкану ороишӣ дар канори шоҳроҳи Душанбе-Бохтар шинонида шуд.


Раиси Ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хурсон Нуринисо Подшоҳзода ин ташаббуси хуби Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизбро ҷонибдорӣ намуда, гуфт, ки давоми 3 моҳи охир дар ҳудуди ин ҷамоат аксияи ниҳолшинонӣ идома дорад. Дар доираи ин иқдом, то ба имрӯз беш аз 12 ҳазор бех ниҳоли ороишӣ шинонида шудаааст.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар гардонидани вазъи экологӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани мамлакат чунин таъкид доштанд: «Бо дарназардошти тағйирёбии иқлим ва бо мақсади беҳтар кардани вазъи экологии мамлакат, инчунин муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтар ва мусоиди зист барои аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва тамоми сохтору мақомоти давлатӣ супориш дода мешавад, ки барномаи мушаххаси давлатӣ оид ба кабудизоркунии мамлакатро барои давраи то соли 2040 қабул ва амалӣ намоянд. Таъмин намудани зиндагии осудаву босаодати наслҳои ояндаи халқамон моро водор месозад, ки ба ин масъала ҷиддӣ муносибат намоем. Яъне мо бояд барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем, Ватанамонро пешрафта гардонем ва чунонки доим таъкид менамоям, ба фарзандону набераҳоямон як мулки обод мерос гузорем».
АКС: КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон










Истеъмоли шафтолу барои бемориҳои тарбод, гурда, ҷигар ва талхадон муфид мебошад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Варзоб пули нави мошингузар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт
Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 90 – солагии профессор Муқаддима Ашрафӣ конференсия баргузор шуд
Сокинони Ҷамоати деҳоти «Чорбоғ»-и ноҳияи Қубодиён дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм мегузоранд
Ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Корея дар соҳаи маъданҳои муҳим баррасӣ гардид
Ба поси хотири Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо барномаи фарҳангию адабӣ доир карда шуд
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Бо саҳми соҳибкори ватанӣ дар ноҳияи Қубодиён муассисаи томактабӣ бунёд гардид
Таҳти унвони «Меандешам пас ҳастам» намоиши осори Рассоми халқии Тоҷикистон Сӯҳроб Қурбонов оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 2 километр роҳи деҳаи Чузӣ дар Шаҳринав мумфарш карда шуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи ташаккули низоми нави радио, телевизион ва интернет конфронси илмӣ -амалӣ баргузор шуд
ДАВРАИ НАВИ РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН. Андешаҳо оид ба сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин
Дар Хатлон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд






