Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол тибқи раддабандии ФИФА ба феҳристи 100 дастаи беҳтарини ҷаҳон ворид шуд
ДУШАНБЕ, 15.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) имрӯз, 15 феврал раддабандии навбатии дастаҳои миллии футболро нашр намуд. АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи ФИФА хабар медиҳад, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба феҳристи 100 дастаи беҳтарини ҷаҳон ворид шуд.
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон пас аз иштироки муваффақона дар Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар ба зинаи 99-ум баромад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳисобаш 1218,89 хол дорад. Байни дастаҳои мунтахаби Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) дастаи мунтахаби мо дар зинаи 16-ум қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки аз рӯи натиҷагирии Ҷоми Осиё-2023 дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба ҳаштгонаи беҳтарин дастаҳои мусобиқот ворид гардид.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бори аввал дар таърих дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё иштирок намуд ва ба даври чорякниҳоии мусобиқот роҳ ёфта, дар таърихи футболи тоҷик саҳифаҳои наву шоистаи таҳсин боз намуд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид






