ДАСТГИРИИ ГУРӮҲҲОИ ОСЕБПАЗИРИ АҲОЛӢ. Соли 2023 корманди шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона ба 5619 нафар ниёзманд хизмат расониданд
ДУШАНБЕ, 18.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона дар 44 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба 5619 нафар, аз ҷумла ба 4611 нафар пиронсолони танҳо ва маъюб, 1008 нафар кўдакони дорои имконияташон маҳдуд хизматҳои гуногуни иҷтимоӣ расониданд, иттилоъ дода шуд зимни нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар нишаст гуфта шуд, ки дар тобеи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 11 муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ, аз ҷумла 7 муассисаи будубоши доимӣ (хона-интернатҳо) ва 3 истироҳатгоҳ, 1 осоишгоҳ, 43 марказу шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва 6 адад марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ қарор доранд.
Гуфта шуд, ки аз тарафи 6 Марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ дар ин давра 1013 нафар пиронсолону маъюбон ва 60 нафар кўдакони имконияташон маҳдуд ба хизматрасонии иҷтимоӣ фаро гирифта шудаанд. Ҳоло дар ин марказҳо 82 нафар эҳтиёҷмандон муваққатан дар нигоҳубини давлатӣ қарор доранд.
Бояд гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки «мо дар оянда низ ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар навбати аввал ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд ва нафақахӯрону собиқадоронро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини худ мешуморем».
Дар Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии ниёзмандон тадбирҳои муассир андешида мешаванд. Аз ҷумла, шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона барои шаҳрвандоне, ки муваққатан ва ё доимӣ ба хизматрасонии иҷтимоӣ эҳтиёҷ доранд, шахсони яккаву танҳо, пиронсолон, беморон, маъюбоне, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор дошта, имкони ба худ хизмат расониданро надоранд, таъсис дода шудааст.
Кормандони шуъбаву марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ масъулияти хеле баландро бар дўш доранд. Онҳо ба хонаҳои нафарони бекасу танҳо рафта, дар пўхтани хўрок, тамиз намудани хона, расонидани нафақапўлӣ, таъмини онҳо бо маводи ғизоӣ, харидани дору ва дигар корҳои хоҷагӣ ёрӣ мерасонанд, ки ин кори басо пурмасъулият мебошад. Соли гузашта 816 нафар кормандони ин шуъбаҳо ба нафарони ниёзманд хизматҳои гуногуни иҷтимоӣ расониданд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Доир ба нақши Мавлоно дар ташаккули фарҳанги сулҳ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Рӯзи дуюми Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Ынтымак» (Рӯзи ягонагӣ) доир шуд
Оид ба мавқеи геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва геофарҳангии Шарқи Миёна ва Наздик конференсияи илмӣ доир шуд
Озмоишгоҳҳои таҳлили канданиҳои фоиданок ва омода кардани намунаи ашёи минералӣ ба истифода дода шуданд
Густариши ҳамкорӣ бо намояндагони Бонки исломии рушд дар соҳаи таҳсилоти касбӣ баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург бо донишҷӯёни тоҷик оид ба масъалаҳои будубош ва таҳсил вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир шуд
Байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди «Peace Nexus» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
Дар вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир мешавад
Дар Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир ба шаҳрвандон ройгон касб омӯзонида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд






