Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест

Февраль 14, 2024 09:59

ДУШАНБЕ, 14.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус зимни суханронӣ дар Нишасти ҷаҳонии ҳукуматӣ дар Дубай изҳор дошт, ки ҷаҳони муосир ба пандемияи нав омода нест. Дар ин хусус ТАСС иттилоъ медиҳад.

Директори генералӣ бар ин назар аст, ки инсоният дер ё зуд бо «бемории X»-маризии нави номаълум рӯ ба рӯ мегардад ва барои ин бояд аз ҳоло омодагӣ гирифт.

Ҳамчунин Гебрейесус ишора намуд, ки пандемияи нав метавонад аз вируси зуком ё коронавируси нав ё ин ки патогени нави ба истилоҳ «бемории X» ба амал ояд.

Дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ 12-14 феврал Нишасти ҷаҳонии ҳукуматӣ бо шиори «Ташкили ҳукуматҳои оянда» баргузор мешавад. Он 6 мавзуи асосиро дар бар мегирад: тағйирёбии идоракунии давлатӣ, зеҳни сунъӣ, иқтисоди оянда, маориф, рушди устувор, шаҳришавӣ ва афзалияти глобалӣ дар соҳаи тандурустӣ. Дар доираи он зиёда аз 23 вохӯрии вазоратӣ ва мизҳои мудаввар, инчунин зиёда аз 120 ҷаласа ва машварати интерактивӣ баргузор мешаванд. Дар чорабинӣ 200 шахсияти намоён, аз ҷумла сарони давлатҳо, вазирон, коршиносон иштирок менамоянд.

АКС аз бойгонӣ

Февраль 14, 2024 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад
Дар Қазоқистон пешниҳод намуданд, ки пӯшидани фаранҷӣ ва ниқоб манъ карда шавад
«МО ЯК УҚЁНУСЕМ». Фаронса мизбони сеюмин Конфронси СММ оид ба Уқёнус хоҳад буд
Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид