«ДУШАНБЕ-ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ беш аз 25 ҳазор бех дарахти мева, ороишӣ ва сояафкан шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 15.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои муроҷиатномаҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба «шаҳри гулрез» ва «шаҳри сабз» табдил додани пойтахт ва сабзу хуррам гардонидани он дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ беш аз 25 ҳазор бех дарахт, аз ҷумла 2504 бех дарахти сояафкан, 12 288 бех ороишӣ, беш аз 11 ҳазор бех дарахти мева шинонида шудаанд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Руслан Қодирзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки дар ин давра дар кӯчаю хиёбонҳои ҳудуди ноҳия марҳила ба марҳила ба миқдори 1 миллиону 507 ҳазору 220 дона гулҳо аз ҷумла, 981020 дона гулҳои мавсимӣ, 300 ҳазор дона гулҳои лола, беш аз 200 ҳазор адад гулҳои бисёрсола (садбарг) шинонида шуда, дар масоҳати 16 ҳазору 184 метри мураббаъ майсазор кишт шудааст.
Ҳамзамон дар идомаи нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки соли 2023 таъмири ҷории 16 000 метри мураббаъ роҳҳои ҳудуди ноҳия ба нақша гирифта шуда, ба миқдори 22 ҳазору 760 метри мураббаъ роҳҳо таъмиру мумфарш шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар гардонидани вазъи экологӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани мамлакат чунин таъкид доштанд: «Бо назардошти тағйирёбии иқлим ва бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат, инчунин муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтар ва мусоиди зист барои аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва тамоми сохтору мақомоти давлатӣ супориш дода мешавад, ки Барномаи мушаххаси давлатӣ оид ба кабудизоркунии мамлакатро барои давраи то соли 2040 қабул ва амалӣ намоянд. Таъмин намудани зиндагии осудаву босаодати наслҳои ояндаи халқамон моро водор месозад, ки ба ин масъала ҷиддӣ муносибат намоем. Яъне мо бояд барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем, Ватанамонро пешрафта гардонем ва чунонки доим таъкид менамоям, ба фарзандону набераҳоямон мулки обод ба мерос гузорем».
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд






