Форуми рақамии Созмони ҳамкории Шанхай дар Қазоқистон мегузарад

Февраль 2, 2024 16:42

ДУШАНБЕ, 02.02.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Алмато рӯзи панҷшанбе форуми рақамии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки аз ҷониби Вазорати рушди рақамӣ, инноватсия ва саноати аэрокайҳонии Қазоқистон ташкил шудааст, ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии «Синхуа» хабар медиҳад.

«Ҳамкорӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай уфуқҳои навро барои рушди IT дар давлатҳои мо боз менамояд. Якҷоя мо метавонем дар соҳаи рақамисозӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардем, ки ин ба ҳар яки мо фоида меорад. Мехоҳам таъкид намоям, ки вохӯрии имрӯза махсусан рамзӣ аст, зеро он дар соли таҷлили 20-умин солгарди фаъолияти пурраи созмон баргузор мешавад»,- иброз намуд раиси раёсати ширкати «Казпочта» Асел Жанасова ҳангоми пахши онлайнии форум.

Вазири рушди рақамӣ, инноватсия ва саноати аэрокайҳонии Қазоқистон Багдат Мусин дар суханрониаш ба иштирокчиёни форум Созмони ҳамкории Шанхайро бо 20-солагии ифтитоҳи Котиботи созмон табрик гуфта, хотиррасон намуд, ки ғояи баргузории форуми рақамии Созмони ҳамкории Шанхай аз ҷониби Президенти Қазоқистон Қосим Жомарт Токаев дар ҷараёни Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки 4 июли соли 2023 баргузор шуда буд, пешниҳод шудааст. Вазир ба давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай пешниҳод намуд, ки гурӯҳҳои моҳвораҳои фосилавии Заминро муттаҳид созанд.

Ҳамчунин ӯ пешниҳод намуд, ки кӯшишҳоро дар масъалаи истифодаи қаламрави Қазоқистон барои парвозҳои муштарак ба кайҳон ва ба кор андохтани барномаҳои мушакӣ муттаҳид намоянд.

Кори форум то 3 феврал идома меёбад.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 2, 2024 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид