«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар Суғд барои қадршиносии ғолибони озмун беш аз 600 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид

Февраль 1, 2024 15:00

ДУШАНБЕ, 01.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси вилояти Суғд барои дар сатҳи баланд гузаронидани даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии​ «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 643 ҳазору 410 сомонӣ ҷудо шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Даври вилоятии озмун нимаи аввали моҳи август дар Мактаб барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28-и шаҳри Хуҷанд ва Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон доир мешавад.

Озмун аз рӯи номинатсияҳои​ «Адабиёти кӯдакону наврасон» дар се гурӯҳ, «Адабиёти классикии тоҷик» дар чор гурӯҳ, «Адабиёти муосири тоҷик» дар чор гурӯҳ, «Адабиёти ҷаҳон» дар чор гурӯҳ, «Эҷоди назм» дар се гурӯҳ, «Эҷоди наср» дар се гурӯҳ гузаронида мешавад.

Тибқи қарор, низомнома ва ҳайати комиссияи озмун таъсис ёфта, Раёсати маорифи вилоят вазифадор шудааст, ки даври вилоятии озмунро дар сатҳи баланд гузаронад.

Бояд гуфт, ки давоми беш аз ​ 32 соли соҳибистиқлолии мамлакат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди анъанаи китобдориву китобхониро яке аз самтҳои умдаи сиёсати фарҳангӣ қарор дода, дар ин самт корҳои назаррас ба сомон расонид. Далели ин гуфтаҳо баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсил ва шаҳрвандони мамлакат доир мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 1, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд