ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Ветнам бозиҳои дӯстона баргузор менамояд
ДУШАНБЕ, 27.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 бо дастаи Ветнам ду бозии дӯстона баргузор менамояд. Ин вохӯриҳо 20 ва 23 март дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Шашумин Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои мунтахаби то 23-сола аз 15 апрел то 3 май дар Давҳа баргузор мешавад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ (16 апрел), Ироқ (19 апрел) ва Тайиланд (22 апрел) бозӣ менамояд.
Бозиҳои дӯстона
20 март (чоршанбе)
ТОҶИКИСТОН – Ветнам
Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»
23 март (шанбе)
ТОҶИКИСТОН – Ветнам
Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






