ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2024. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҳунармандонро барои дарёфти ин грант ба озмун даъват менамояд

Февраль 28, 2024 10:54

ДУШАНБЕ, 28.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дархост ва номгӯйи ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун ҷиҳати дарёфти гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар соли 2024 бо забони давлатӣ қабул гардида, муҳлати пешниҳоди онҳо як моҳ, яъне аз 1 март то 1 апрели соли 2024 муқаррар гардидааст.

Тавре масъулин Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, номгӯйи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда барои иштирок дар озмун аз ариза ба унвони раиси Комиссия; маълумот дар бораи ҳунарманд; нусхаи шиноснома; 2 дона акси 3×4; нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда; маълумотнома аз маҳали истиқомат; ҳуҷҷати бақайдгирии давлатии соҳибкорӣ, (агар тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин бақайдгирӣ талаб карда шавад); лоиҳаи асоснокшудаи ҳунарманд дар бораи самти фарогирии ҳунаре, ки дорад ва минбаъд онро рушд медиҳад ва ҳуҷҷатҳои дигаре, ки довталаб ба озмун пешниҳод намудани онҳоро зарур медонад, иборат аст.

Ҳунармандоне, ки хоҳиши дар ин озмун иштирок карданро доранд, метавонанд ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар суроғаи кӯчаи А.Навоӣ 5/2, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе воқеъ гардидааст, муроҷиат намоянд. Ҳамчунин метавонанд тавассути телефон бо рақами 2503239; 2503207 дар бораи тарбиби иштирок дар ин озмун маълумоти муфассал гиранд.

Хотиррасон мешавем, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ барои эҳё, ҳифз ва рушди соҳаи ҳунармандӣ ва ҳавасмандгардонии ҳунармандон 20 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 ҷудо гардида, ҳар грант ба андозаи 25 000 (бисту панҷ) ҳазор сомонӣ барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ равона шудааст.

Ёдовар мешавем, ки 18 феврали соли равон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026» ба тасвиб расид.

Мутобиқи ин қарор, давоми солҳои 2024 – 2026 60 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ ба андозаи 1 500 000 (як миллиону панҷсад ҳазор) сомонӣ таъсис дода мешавад:

– дар соли 2024 – 20 грант ба андозаи 500 000 сомонӣ;

– дар соли 2025 – 20 грант ба андозаи 500 000 сомонӣ;

– дар соли 2026 – 20 грант ба андозаи 500 000 сомонӣ.

Ҳамчунин ҷиҳати амалисозии ин иқдом дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи грантӣ оид ба дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ таъсис дода шудааст.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонӣ

Февраль 28, 2024 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд