«ХАТТИ ТАЙЁР». Дар вилояти Суғд техникаҳои кишоварзӣ ба мавсим омода карда мешаванд

Февраль 28, 2024 16:21

ДУШАНБЕ, 28.02.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамени вилояти Суғд маъракаи қабули техникаҳои кишоварзии «Хатти тайёр» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар маърака роҳбарияти Вазорати кишоварзӣ, вилояти Суғд, масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров,  Спитамен ва дигар шахсони масъули соҳа иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен 1272 трактор ва қариб 3000 мошинолоти гуногун мавҷуд буда, 90 дар сади онҳо омодаи кор мебошанд. Инчунин дар ин ноҳияҳо 15 маркази хизматрасонии техникӣ ва зиёда аз 50 нуқтаи маслиҳатдиҳиву машваратӣ фаъолият доранд.

Зимни мулоқот аз ҷониби роҳбарияти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба масъулин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи самараноки замин, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва омодагии пурраи техникаву мошинолот маслиҳатҳои муфид дода шуд.

АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 28, 2024 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси глобалии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Италия иштирок намуданд
Рушди фарҳанги экологӣ дар ҷаласаи Шурои экологии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ карда шуд
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» доир мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Тоҷикистон захиранамоии хӯроки чорво идома дорад
Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 614 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ намуданд
Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии ангур идома дорад
Дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд
Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъоварии пахта оғоз гардид