«ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!». Таҳти ин унвон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чорабиниҳои гуногун доир мегарданд

Февраль 19, 2024 14:10

ДУШАНБЕ, 19.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чорабиниҳои гуногун, аз қабили ҳамоишҳо, семинару мизҳои мудаввар ва озмуну мусобиқаҳои ҳарбӣ- варзишӣ бо иштироки ҷавонони синни даъватӣ ва сарбозону сержантон ташкил ва баргузор мегарданд.

Тавре дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар толори варзишии тирпаронии шаҳри Хуҷанд мусобиқаи варзишӣ оид ба тирпаронӣ бо ҷавонони синни даъватӣ баргузор гардид, ки дар он беш аз 100 нафар иштирок намуданд.

Ҳадаф аз баргузории мусобиқаи мазкур, пеш аз ҳама, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҷавонон, пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, инчунин ҷалб намудан ба варзиш ва таҳкими тарзи ҳаёти солим мебошад.

Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол медалу диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Февраль 19, 2024 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд