ИҶРОИ НИШОНДИҲАНДАҲОИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Мулоқоти вакилони мардумӣ бо сокинони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 01.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин гурӯҳи корӣ бо мақсади таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, роҳбарон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо, инчунин имомхатибону фаъолони ин ноҳия вохӯрӣ баргузор намуд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.
Зимни вохӯрӣ Раиси ноҳияи Шамсиддини Шоҳин Зафар Гулзода, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фазлиддин Икромӣ, Абдулло Меъроҷ ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», аз ҷумла қисми даромади буҷети давлатӣ, раҳо намудани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба давлати транзитӣ табдил додани он, лоиҳаҳои сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард, инчунин бунёди роҳҳои муосир дар ояндаи наздик сухан гуфтанд.
Вакилони мардумӣ сокинонро ба амалисозии барномаву нақшаҳои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, ташкилу назорати корҳои ободониву сабзазоркунӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин, ҳифзи табиат ва истифодаи самараноки заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ даъват намуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин








Нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бо иштироки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак тавзеҳ дода шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти такмили низоми идоракунии молияи давлатӣ густариш меёбад
Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар Бонки миллӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад






