ИҶРОИ НИШОНДИҲАНДАҲОИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Мулоқоти вакилони мардумӣ бо сокинони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин баргузор шуд

Февраль 1, 2024 18:40

ДУШАНБЕ, 01.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин гурӯҳи корӣ бо мақсади  таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ   бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, роҳбарон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо, инчунин имомхатибону фаъолони ин ноҳия вохӯрӣ баргузор намуд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода. 

Зимни вохӯрӣ Раиси ноҳияи Шамсиддини Шоҳин Зафар Гулзода, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фазлиддин Икромӣ, Абдулло Меъроҷ ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», аз ҷумла қисми даромади буҷети давлатӣ, раҳо намудани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба давлати  транзитӣ табдил додани он, лоиҳаҳои сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард, инчунин бунёди роҳҳои муосир дар ояндаи наздик сухан гуфтанд.

Вакилони мардумӣ сокинонро ба амалисозии барномаву нақшаҳои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, ташкилу назорати корҳои ободониву сабзазоркунӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин, ҳифзи табиат ва истифодаи самараноки заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ даъват намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

Февраль 1, 2024 18:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзалӣ Идизода дар Шуро ва ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Дар Брюссел ҷаласаи XIII Кумитаи ҳамкории парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо доир шуд
Файзалӣ Идизода дар мулоқоти Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 18,4 миллиард сомонӣ зиёд гардид
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ иштирок менамояд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Эҳтиром ба Рӯзи Президент эҳтиром ба давлат, миллат, Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдат аст
Китоби «Президент ва ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯнамоӣ гардид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд