Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад

Февраль 7, 2024 08:45

ДУШАНБЕ, 07.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатӣ баргузор мешавад ва ин рӯз дар мамлакат рӯзи истироҳат мебошад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

Ба иттилои Комиссияи марказии интихоботии Озарбойҷон, дар ин давлат дар маҷмуъ 6,5 миллион интихобкунанда сабти ном шуда, 6 ҳазору 537 қитъаи интихоботӣ барои раъйдиҳӣ кушода мешавад. Онҳо аз соати 08:00 то 19:00 ба вақти маҳаллӣ фаъолият менамоянд. Барои шаҳрвандони Озарбойҷон дар 37 кишвари ҷаҳон 49 қитъаи дигар кушода мешавад.

Ба иттилои Vesti.az, барои курсии президентӣ 7 номзад мубориза мебаранд:

— Илҳом Алиев — номзад ба мақоми президентӣ аз Ҳизби Озарбойҷони Нав;

— Зоҳиди Оруҷ- номзади худпешбар;

— Разӣ Нуруллаев — номзад ба мақоми президентӣ аз Ҳизби ҷабҳаи миллӣ;

— Фозил Мустафо – номзад ба мақоми президентӣ аз Ҳизби “Бунёдкори бузург”;

— Элшод Мусоев — номзад ба мақоми президентӣ аз Ҳизби “Озарбойҷони Кабир”;

— Гудрат Гасангулиев — номзад ба мақоми президентӣ аз Ҳизби “Ҷабҳаи халқии Озарбойҷони комил”;

— Фуад Алиев- номзади худпешбар.

Ҷараёни интихоботро 90 372 нозир назорат менамоянд. 790 нафари он нозирони байналмилалӣ мебошанд. Барои инъикоси интихобот 216 хабарнигор аз 109 сохтори расонаҳои байналмилалӣ аккредитатсия шудаанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 7, 2024 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қазоқистон машқҳои неруҳои сулҳовари СААД «Бародарии шикастнопазир-2024» анҷом ёфтанд
Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид