Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ДУШАНБЕ, 08.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борону барф пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа хунук ва рӯзона 10+15 дараҷа гармиро ташкил медиҳад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо шабона дар ноҳияҳои алоҳида дар баъзе ҳолатҳо барф меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12 ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 21-26 дараҷа хунук ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, танҳо шабона ва саҳаргоҳон дар ноҳияҳои алоҳида борону барф пешгӯӣ мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10 ва рӯзона 0+5дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои алоҳидаи вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 15+20 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борону барф пешгӯӣ мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2+4 дараҷа хунук ва рӯзона 14+16 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






