Иштироки Тоҷикистон дар Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP28) натиҷагирӣ гардид
ДУШАНБЕ, 08.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба тағйирёбии иқлим /COP28/, ки соли 2023 дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор гардида буда, зимни баргузории ҳамоиш дар Душанбе натиҷагирӣ гардид.
Ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон, шарикони рушд ва бахши хусусӣ иштирок намуданд. Таъкид шуд, ки ҳадафи ҳамоиш муаррифии натиҷаҳои бадастоварда дар ҳошияи Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим ва инъикоси қарорҳо мебошад.
Дар ҳамоиш аз ҷониби масъулини Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон се рӯнамо манзур гардид, ки дар онҳо натиҷаҳои бадастоварда, аз ҷумла баррасии гуфтушунидҳо ва аҳамияти онҳо ба ҷараёни маблағгузории иқлимӣ ва натиҷаҳои COP28 ва таъсири онҳо ба маблағгузории иқлимӣ аз ҷониби шарикони рушд ва натиҷаҳои фаъолияти пурсамари павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи COP-28 баррасӣ гардиданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд






