МАСОИЛИ САНОАТИКУНОНӢ ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон дар ин мавзуъ

Февраль 18, 2024 10:26

ДУШАНБЕ, 18.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 28 декабри соли 2023  пешниҳод гардид, тамоми мавзуъҳои муҳими ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва ҷамъиятии халқи Тоҷикистонро дар бар гирифта, таҳлил ва дастуру супоришҳои дар он баёншуда роҳи ҷомеаро барои расидан ба ҳадафҳои минбаъда ҷиҳати пойдориву устувории Ватан равшан намуд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд, «ҷиҳати амалисозии солҳои 2022 – 2026 -Солҳои рушди саноат давоми ду соли охир дар мамлакат  беш аз 1200 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бо 11 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд. Танҳо соли 2023 дар қаламрави мамлакат 729 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шудааст. Соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 1992-юм 4,6 баробар афзоиш ёфта, ба зиёда аз 46 миллиард сомонӣ расонида шуд. Танҳо дар ҳафт соли охир ин нишондиҳанда 2,4 баробар зиёд гардидааст».

Инчунин Сарвари давлат ҳушдор доданд, ки «бо вуҷуди ин, дар раванди саноатикунонии босуръати мамлакат якчанд  масъалаҳои ҳалталаб, аз қабили фарсудашавии таҷҳизот, сатҳи пасти рақобатнокии маҳсулот ва гуногунсамтии он, норасоии маблағҳои гардони корхонаҳо ва кадрҳои баландихтисос вуҷуд доранд». Ҳамчунин таъкид намудаанд, ки «…соли равон  содироти маҳсулоти саноатӣ тамоюли коҳишёбӣ пайдо намудааст».

Вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ҷиҳати ин масъала бо бардошт аз таъкидҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баёни андеша менамоем, ки рушди саноат ва инноватсия яке аз омилҳои муҳимтарини баландбардории сатҳи некуаҳволии мардум ба ҳисоб рафта, инчунин имкон медиҳад, ки сарчашмаҳои иловагии даромади буҷети давлатӣ пайдо гардида, аҳолӣ бо ҷойи нави кор таъмин шавад.

Аз ин нуқтаи назар бояд таваҷҷуҳи соҳибкорон ба рақобатпазир сохтани молҳои истеҳсолӣ ва ба талаботи бозори ҷаҳонӣ мувофиқ намудани маҳсулот бештар ҷалб гардаду аҳамияти афзоиш додани содирот ва кам намудани воридот дар пешрафти иқтисод ва баланд гаштани сатҳи некўаҳволии ҷомеа ҳамаҷиҳата дарк шавад. Соҳибкорон бояд аз моҳияти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025, Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар барномаҳои дар самти саноат ва иқтисод тасдиқшуда ба таври васеъ бархўрдор бошанд, аз имтиёзҳои дар Паёмҳои ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшаванда ҳарчӣ бештар истифода баранд, мардум аз имконияти кор бо лоиҳаҳои гуногун ва ҳавасманднамоии пайваста ҷиҳати вориднамоии техникаву технологияҳои муосир истифода баранд.

Давоми панҷ соли оянда, яъне дар доираи иқдоми Солҳои рушди саноат бо роҳи барқарорсозии зарфияти мавҷуда, афзоиш додани ҳаҷми истихроҷу коркарди сарватҳои зеризаминӣ ва оғоз намудани корҳои ба конҳо мубаддалгардонии нуқтаҳои минералӣ, бунёди корхонаҳои металлургӣ, маъдантозакунӣ, истихроҷу то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани металлҳои ранга ва қиматбаҳо, рушди саноати мошинсозӣ, нассоҷӣ, хӯрокворию дорусозӣ ва умуман саноати сабук метавонем имконияти зиёд ба даст орем.

Бояд гуфт, ки дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» ва «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» дар айни замон дар чандин мавзеъҳои мамлакат ташаккули минтақаҳои саноатӣ идома дошта, панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият менамояд. Ин минтақаҳо корхонаҳои металлургӣ, сементбарорӣ, нассоҷӣ, дӯзандагӣ, коркарди нафт ва тавлиди маҳсулоти саноати кимиёро низ дар бар мегиранд. Ҳамзамон зарур аст, ки минбаъд барои рушди бомароми саноат ҷиҳати амалӣ намудани коркарди пурраи нахи пахта, пӯст, пашм, пилла, меваю сабзавот ва дигар ашёи хоми ватанӣ корҳоро вусъат бахшем.

Инчунин ба масъалаҳои баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ, густариши раванди рақамикунонии иқтисод, татбиқи иқтисоди «сабз», истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рушди неруи инсонӣ афзалият дода, дар ин замина рушди бомароми устувору босифати иқтисоди миллиро таъмин намоем.

Бояд гуфт, ки таъсиси беш аз 30 муассисаи олии касбии алоқаманд ба соҳа, аз ҷумла Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе ва филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи шаҳри Москва (МИСиС) дар шаҳри Душанбе ва дигарон, ки дар самти омодасозии мутахассисони баландпояи замонавӣ мусоидатр менамоянд, дар таъмини корхонаҳои соҳавӣ бо мутахассисони ватанӣ заминаи боэътимод мегузоранд.

Бешак, бояд гуфт, ки навсозии корхонаҳои саноатӣ дар ноҳияи Ёвон ва ба кор оғоз намудани корхонаи маъдантозакунии Такоб, ки барои тавлиди алюминий ашёи хом истеҳсол менамоянд, ҷиҳати паст кардани арзиши аслии алюминий ва вобастагӣ аз ашёи хоми воридотӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Корхонаи ҷамъу васли автобуси мусофиркаши тамғаи «Акия» дар шаҳри Душанбе, корхонаи истеҳсоли профилҳои алюминӣ – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷпроф»-и МОИ «Суғд», корхонаи замонавии коркарди маъдан дар шаҳри Панҷакент, корхонаҳои металлургӣ ва истеҳсоли маҳсулоти оҳан дар шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Спитамен, инчунин корхонаи истихроҷу истеҳсоли тилло дар шаҳри Ваҳдат, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Оҳангудозии Тоҷикистон»-и ноҳияи Рӯдакӣ, корхонаҳои нави истеҳсоли маводи таркандаи саноатӣ – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Муосир» ва ғайра аз ҷумлаи коргоҳҳое маҳсуб мешаванд, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат тавлид гардида, дар таъмини шаҳрвандон бо ҷои кори доимӣ аҳамияти хосса доранд. Ғайр аз ин, қонунгузории амалкунандаи мо барои сармоягузорон дар соҳаҳои мухталиф беш аз 240 номгӯй кафолату имтиёз, аз ҷумла зиёда аз 110 имтиёз ва сабукиҳои андозиву гумрукӣ муқаррар намудааст.

Дар маҷмуъ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бо нусрату пайғоми нав ба мардум пешниҳод гардида, бо меҳнати софдилонаи халқи тоҷик зина ба зина амалигардонии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати мамлакат имкон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи саноат ҳамчун тавлидкунандаи арзиши баланди иловашуда таъмин гардида, дар ин раванд даҳҳо ҳазор ҷойи нави кор ташкил шаванд. 

Комрон ИСМОИЛИЁН,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 18, 2024 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Қарори КМИР дар бораи таъсиси ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот манзур мегардад
Ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният доир шуд
Ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия баргузор шуд
Минбаъд 11 январ Рӯзи кормандони мақомоти зиддиинҳисорӣ таҷлил мегардад
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон номзадҳои худро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва пешниҳод намуд
41 комиссияи ҳавзавии якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ташкил гардид
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ якчанд лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад
Дар Душанбе Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад
Вакилони Маҷлиси намояндагон дар кори Форуми 19-уми СММ оид ба идоракунии интернет иштирок доранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд