«МОДАРОН БА ДИДОРИ САРБОЗОН МЕРАВАНД». Таҳти ин унвон дар қисми низомӣ ҳамоиши идона доир гардид

Февраль 16, 2024 10:55

ДУШАНБЕ, 16.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Сино ва як гурӯҳ модарону ҷавонон дар қисми ҳарбии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино.

Ҳамоиш таҳти унвони «Модарон ба дидани сарбозон мераванд» доир гардида, дар ин рӯз модарон ва ҷавонон барои сарбозон дастовези идона — нону шириниҳо оварда, бо вазъи хизмат дар сафи Артиши миллӣ аз наздик шинос шуданд.

Иштирокчиёни маҳфил вобаста ба муҳайё гардидани шароити мусоиди хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар карда, афсаронро бо рӯзи Артиши миллӣ табрик гуфтанд ва ба онҳо барои хизмати содиқонаашон ба Ватан-Модар изҳори сипос намуданд.

Дар охир дар фазои суруду таронаҳои аҳли санъат ва ҳунари шаҳр ҷавонон – хатмкунандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимӣ, модарон ва сарбозону афсарон шодиву хурсандӣ намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино

Февраль 16, 2024 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони сарбаланди ноҳияи Вахш бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ шуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара дар рӯзи якум иҷро гардид
Дар Фархор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иҷро гардид
Ноҳияи Данғара нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи якум иҷро намуд
Дар ноҳияи Айнӣ ҳамоиши ботантанаи гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ноҳияҳои минтақаи Рашт нақшаи даъват ба сафи Артиши миллиро 100 фоиз иҷро намуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ дар Норак дар рӯзи якум иҷро шуд
РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДӢ. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нахустин шуда, нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллиро 101 фоиз иҷро намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои дохилии кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Қазон ҷаласаи 24-уми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони сарбаланди ноҳияи Вахш бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ шуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар шаҳри Гулистон нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро шуд