Мураббиёну донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ соҳиби 265 ҷойи ифтихорӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 08.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов дар мусобиқаҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолияти назаррас нишон дода, 265 ҷойи ифтихорӣ ба даст оварданд. Аз ҷумла, 107 медал дар мусобиқаҳои шаҳрӣ, 112 медал дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва 46 медал дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ба даст оварданд. Ин матлабро ректори донишкада Муҳаммадшо Абдуллозода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон баён дошт.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки донишҷӯёни донишкада дар мусобиқаҳои байналмилалӣ 11 медали тилло, 16 нуқра ва 19 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Дастаи донишкада дар ҳайати 52 мураббию варзишгар аз рӯйи 5 намуди варзиш, аз қабили бокс, ҷудо, самбо, гӯштини тарзи озод ва шиноварӣ дар аввалин Фестивали байналмилалии варзиши донишгоҳӣ, ки аз 19 то 31 августи соли 2023 дар шаҳри Екатеринбурги Федратсияи Русия бо ҳайати дастаҳо аз давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди давлатҳои Мустақил ва БРИКС баргузор гардид, иштирок намуд. Дар он ба гирифтани 3 медали тилло, 1 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ мушарраф гардид.
Инчунин дастаи ҷудочиён аз рӯйи 6 вазн қувваозмоӣ намуда, аз байни онҳо Абубакр Шеров сазовори медали тилло гардид. Ҳайати варзишии Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии варзишии донишгоҳӣ ба натиҷаҳои беҳтарин ноил шуда, ба даҳгонаи беҳтарин варзишгарон шомил шуд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд






