Намояндагии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии ИДМ дар шаҳри Санкт-Петербург баъди навсозӣ расман ифтитоҳ шуд
ДУШАНБЕ, 15.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар қароргоҳи расмии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Намояндагии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Намояндагии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (АП СААД) хабар доданд.
Намояндагии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар қасри Таврийи шаҳри Санкт-Петербург бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои пайвастаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода пурра таъмиру навсозӣ ва таҷдид гардид.
Маросими расмии ифтитоҳи намояндагии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагону меҳмонон аз Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Котиби генералии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Дмитрий Кобитский, Котиби масъули Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Сергей Поспелов, намояндагони ваколатдори давлатҳои аъзо ва намояндагони васеи воситаҳои ахбори оммаи Федератсияи Русия баргузор шуд.
Намояндагии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар фазои тантанавӣ ифтитоҳ гардида, меҳмонон аз фазо ва меъмории хоси он изҳори хушнудӣ намуданд.
Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар тамоми ташкилоти бонуфузи байналмилалию минтақавӣ соҳиби овози комили худ гардидааст ва дар ҳалли масъалаҳои муҳими минтақавиву ҷаҳонӣ саҳми босазо мегузорад. Бо бовариву қатъияти комил метавон гуфт, ки муовини Котиби генералии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Намояндаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Абдухалил Ғафурзода рисолати навбатии масъулиятнокро пурра адо намуда, дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ҳимояи арзишҳои давлатӣ ва татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда мегузорад.
АКС: Намояндагии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи парлумонии СААД








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






