НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 300 шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз минтақаҳои ҷангзада баргардонида шуда буданд, ба наздиконашон супорида шуданд
ДУШАНБЕ, 14.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. 300 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан занону кӯдакон, ки аз минтақаҳои ҷангзада ба Ватан баргардонида шуда буданд, то имрӯз пурра ба наздиконашон супорида шуданд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳайлӣ Қодирӣ гуфт, ки беҳтарин тадбире, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба шаҳрвандони дар кишварҳои ҷангзада будааш амалӣ менамояд- ин ба Ватан баргардонидани онҳо аст. Номбурда изҳор кард, ки дар айни замон тамоми шаҳрвандон ба наздиконашон супорида шуда, дар навбати худ корҳо ҷиҳати ба Ватан баргардонидани шаҳрвандони боқимондаи Тоҷикистон идома доранд.
Таъкид гардид, ки ҳадафи асосии ин иқдом — раҳо намудани кӯдакони тоҷик аз бесарнавиштӣ, баргардонидани онҳо аз диёри ғурбат ва ворид шуданашон ба ҳаёти осоишта дар мамлакат ба шумор меравад.
Бояд гуфт, ки 21 июни соли 2023 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар шаҳри Ню-Йорк дар доираи Ҳафтаи сеюми зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид чорабинии канории муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар кишварҳо ва Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Баррасии мушкилоти ҷангиён ва оилаҳои аз минтақаҳои низоъ баргардонида» баргузор гардид. Зимни чорабинии канорӣ мубоҳисаи ҳамаҷониба оид ба мушкилот, густариши ҳамкорӣ ва ҷалби ҷонибҳои манфиатдор ба раванди баргардонидани шаҳрвандон аз минтақаҳои доғдор дар Ховари Миёна доир гардид.
Ҳайати Тоҷикистон дар ин чорабинӣ иштирок намуда, оид ба таҷрибаи мамлакат дар баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон, махсусан занону кӯдакон аз минтақаҳои ҷангзада маълумоти муфассал дод.
Таъкид гардид, ки тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуруъ аз соли 2019 то ба имрӯз Тоҷикистон тақрибан 300 шаҳрвандашро аз кишварҳои ҷангзада баргардонидааст.
Инчунин ба ҳозирин дар бораи таҷрибаи Тоҷикистон дар мавриди кор бо баргардонидаҳо, офиятбахшӣ ва ба ҳаёти осоишта ворид намудани онҳо маълумот дода шуд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






