НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 300 шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз минтақаҳои ҷангзада баргардонида шуда буданд, ба наздиконашон супорида шуданд

Февраль 14, 2024 18:18

ДУШАНБЕ, 14.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. 300 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан занону кӯдакон, ки аз минтақаҳои ҷангзада ба Ватан баргардонида шуда буданд, то имрӯз пурра ба наздиконашон супорида шуданд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳайлӣ Қодирӣ гуфт, ки беҳтарин тадбире, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба шаҳрвандони дар кишварҳои ҷангзада  будааш амалӣ менамояд- ин ба Ватан баргардонидани онҳо аст. Номбурда  изҳор кард, ки дар айни замон тамоми шаҳрвандон ба наздиконашон супорида шуда, дар навбати худ корҳо ҷиҳати ба Ватан баргардонидани шаҳрвандони боқимондаи Тоҷикистон идома доранд.

Таъкид гардид, ки ҳадафи асосии ин иқдом — раҳо намудани кӯдакони тоҷик аз бесарнавиштӣ, баргардонидани онҳо аз диёри ғурбат ва ворид шуданашон ба ҳаёти осоишта дар мамлакат ба шумор меравад.

Бояд гуфт, ки 21 июни соли 2023 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар шаҳри Ню-Йорк дар доираи Ҳафтаи сеюми зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид чорабинии канории муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар кишварҳо ва Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Баррасии мушкилоти ҷангиён ва оилаҳои аз минтақаҳои низоъ баргардонида» баргузор гардид. Зимни чорабинии канорӣ мубоҳисаи ҳамаҷониба оид ба мушкилот, густариши ҳамкорӣ ва ҷалби ҷонибҳои манфиатдор ба раванди баргардонидани шаҳрвандон аз минтақаҳои доғдор дар Ховари Миёна доир гардид.

Ҳайати Тоҷикистон дар ин чорабинӣ иштирок намуда, оид ба таҷрибаи мамлакат дар баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон, махсусан занону кӯдакон аз минтақаҳои ҷангзада  маълумоти муфассал дод.

Таъкид гардид, ки тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуруъ аз соли 2019 то ба имрӯз Тоҷикистон тақрибан 300 шаҳрвандашро аз кишварҳои ҷангзада  баргардонидааст.

Инчунин ба ҳозирин дар бораи таҷрибаи Тоҷикистон дар мавриди кор бо баргардонидаҳо, офиятбахшӣ ва ба ҳаёти осоишта ворид намудани онҳо маълумот дода шуд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 14, 2024 18:18

Хабарҳои дигари ин бахш

БАҚОИ ТОҶИК ЗАБОНИ ТОҶИК АСТ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Дар ноҳияи Ашт ҳамоиши ботантанаи гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 45-уми Шурои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар фаъолияти сохтмонии ИДМ суханронӣ намуд
Ҳайати бонуфузи гурӯҳи Шурои директорони Бонки Осиёии Рушдро шоҳкории устоҳои чирадасти тоҷик ба ҳайрат овард
ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ. Дар Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҷамъомади идона доир шуд
«ЗАБОН ВА ИСТИҚЛОЛ». Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ оғоз гардид
Дар Донишкадаи инноватсионии Душанбе Рӯзи забони давлатӣ таҷлил шуд
4 ОКТЯБР-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ҲАЙВОНОТ. Ба Китоби сурхи Тоҷикистон 222 намуди ҳайвонот дохил карда шудаанд
Ба гиромидошти Рӯзи забони давлатӣ дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Суди Олии иқтисодӣ Рӯзи забони давлатиро ботантана таҷлил намуданд
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ оид ба истифодаи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи омор иштирок доранд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера эҳтимол дорад